Матни равон

ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9-11 сентябр ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумита Саймумин Ятимов ба шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафари корӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқоту гуфтушунидҳо бо Муовини аввали Президенти Афғонистон Амруллоҳи Солеҳ, Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллӣ Абдуллоҳи Абдулло, Раиси Парлумон Мирраҳмон Раҳмонӣ, Мушовири амнияти Президент Ҳамдуллоҳи Муҳиб, Раиси Раёсати умумии амнияти миллӣ Аҳмад Зиё Сироҷ, Вазири корҳои хориҷӣ Ҳаниф Атмар, Вазири дифоъ Асадуллои Холид ва Вазири умури дохилаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Масъуди Андаробӣ оид ба муносибатҳои мутақобилан судманди дуҷониба, вазъи амнияти ду кишвари дӯст ва минтақа, ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, инчунин таъмини амнияти коммуникатсионӣ ва тарҳҳои энергетикиву иқтисодӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Шукри Истиқлолу Сарвар мекунем,

Шукри ободии кишвар мекунем,

Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,

Шукри бому хонаву дар мекунем.

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст,  ки бисту нуҳ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад.  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваства 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон рӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас ба ҳисоб меравад.

Бо фарорасии фазои мустақили сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ вазифаҳои шаҳрвандии мо бо тадриҷ афзуд. Тоҷикистон, ки ба сӯйи ҷомеаи демокративу дунявӣ қадамҳои устувор мениҳад, бе ваҳдати ақлу амали ҳар як сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърих бигзарад. Рушди замони муосир ба кашфи техникаи нав, ихтироъкорӣ, заҳмату талоши шабонарӯзӣ, робитаи бо мамолики пешрафтаи дунё ниёз дорад.

Ба муносибати ҷашни бисту нуҳумин солгарди Соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ ва динӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.

Дар ин паёмҳои табрикотӣ дастовардҳои азими тайи солҳои соҳибистиқлолии кишварамон дар арсаҳои давлатсозӣ,  рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, инчунин таҳкими пайвастаи  обрӯву эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути иштироки созандаву фаъолона дар ҳалли масъалаҳои мубрами   байналмилалӣ ва минтақавӣ, зикр гардидаанд.

Муаллифони барқияҳои табрикотӣ ҳамчунин таманниёти самимонаи худро ҷиҳати сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаи мардуми Тоҷикистон иброз дошта, ба Сарвари давлати мо некуаҳволӣ ва комёбиҳои беш аз пеш дар фаъолияти сермасъули давлатиашон орзу намудаанд.

Ба муносибати ҷашни бисту нуҳумин солгарди Соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ ва динӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.

Дар ин паёмҳои табрикотӣ дастовардҳои азими тайи солҳои соҳибистиқлолии кишварамон дар арсаҳои давлатсозӣ,  рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, инчунин таҳкими пайвастаи  обрӯву эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути иштироки созандаву фаъолона дар ҳалли масъалаҳои мубрами   байналмилалӣ ва минтақавӣ, қайд гардидаанд.

Муаллифони барқияҳои табрикотӣ ҳамчунин таманниёти самимонаи худро ҷиҳати сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаи мардуми Тоҷикистон иброз дошта, ба  Сарвари давлати мо некӯаҳволӣ ва комёбиҳои беш аз пеш дар фаъолияти сермасъули давлатиашон орзу намудаанд.

8 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла ба манзили собиқадорони соҳаҳои фарҳангу хизмати давлатӣ Римма Беляева ва Санавбар Нуриллоева ташриф оварда, онҳоро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии 29 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавому рӯзгори обод таманно кард.

Қайд гардид, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят ба таври доимӣ аз ҳоли собиқадарон бохабар гардида, барои дастгирии моддиву маънавии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3230
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2903
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6133
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24286
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41468
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145970
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9853198

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?