Матни равон

Дирӯз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар, ки бо боздид аз Тоҷикистон дар Душанбе қарор доранд, баргузор гардид.

Зимни мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, минҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву башарӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои зерсохтории дорои аҳаммияти минтақавӣ, ҳамчунин масъалаҳои мубрами амниятӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки ҳамкорӣ бо Афғонистон дар сохтори сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз самтҳои авлавиятнок муқаррар шудааст ва ҷониби мо ба густариши ҳамкорӣ бо ин кишвари ҳамҷавор пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати таҳким бахшидан ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодии дуҷониба изҳори ақида намуданд.

Дар баробари ин алоқамандии ҷонибҳо ба сатҳи навини ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, ҳунар ва иттилоот таъкид гардид.

Вобаста ба ин Пешвои миллат идомаи таълиму тадриси касбии мутахассисону коршиносони Афғонистонро барои соҳаҳои гуногуни иқтисоду иҷтимоиёти он дар қатори самтҳое номбар карданд, ки имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон онҳоро ба таври хосса пайгирӣ менамояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин аҳаммияти пайгирии минбаъдаи масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва энергетикии минтақавиро, ки омили ҷалби васеи Афғонистон ба раванди ҳамкории минтақавӣ маҳсуб меёбанд, баррасӣ намуданд.

Мавзӯоти дигаре, ки дар меҳвари мулоқот қарор доштанд, ин вазъи имрӯзаи амниятии Афғонистону минтақа ва оғози музокироти сулҳи байниафғонӣ мебошад.

Роҷеъ ба ин мавзӯот ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшонро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин дар ҷодаи мубориза бо ҳамагирии КОВИД-19 ва рафъи оқибатҳои он зикр намуданд.

Дар мавриди яке аз равандҳои калидии фазои сиёсии Афғонистон, ки имрӯзҳо диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст, яъне музокироти сулҳи Афғонистон, Сарвари давлати мо изҳор доштанд, ки Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу суботи пойдор ҳамеша ҷонибдорӣ карда, аз ҳар иқдоме, ки ба ҳалли мусолиҳатомези қазияи Афғонистон мусоидат мекунад, истиқбол менамояд.

Дар ин робита зикр гардид, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда минбаъд низ саъйю талош хоҳад кард, то ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии он дар ростои манофеи мардуми бародари он саҳми худро гузорад.

Ҷонибҳо атрофи дигар мавзӯъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ суҳбат анҷом доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:969
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2597
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11399
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22930
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:93094
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:97206
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3478044

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?