Дирӯз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар, ки бо боздид аз Тоҷикистон дар Душанбе қарор доранд, баргузор гардид.
Зимни мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, минҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву башарӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои зерсохтории дорои аҳаммияти минтақавӣ, ҳамчунин масъалаҳои мубрами амниятӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.
Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки ҳамкорӣ бо Афғонистон дар сохтори сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз самтҳои авлавиятнок муқаррар шудааст ва ҷониби мо ба густариши ҳамкорӣ бо ин кишвари ҳамҷавор пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз «Хона-музей»-и Нозимҷон Усмонов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан карданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази байналмилалии тиҷоратии «Сомон-Плаза»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд






Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷопон Ёсихидэ Суга барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Парандапарвар”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кишти такрории гандум оғоз бахшиданд.
16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Суғд кварс” оғоз бахшида, бо технологияи корхона шинос шуданд.
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварданд.














