Дар ҳошияи филми мустанади “Хиёнат-5”
Таърих гувоҳ аст, ки куштор ва маҳв намудани фарзандони баруманди миллат яке аз ҳадафҳои асосии ҳизби мамнӯъшудаи экстремистӣ-террористии назҳати ислом будааст. Филми мустанади “Тоҷикфилм” таҳти унвони “Хиёнат-5” инро бори дигар бо далелу арқоми раднопазир ва гувоҳии сокинони сершумор собит намуд.
Тамошои ин филм касро ба даҳшат меандозад, ки чи гуна бояд махлуқ шуд, ки чунин ваҳшониятро нисбати инсон раво донад. Дигар ин чи ҳизбу ин чи ислом аст, ки ҷаҳолату разолатро мепарастад ва даъвои худсафедкунӣ дорад? Гап дар сари коса неву нимкоса аст. Ин ҳама ба хотири як чиз бунёди давлати зулму истибдод ва ҷаҳолатпарастӣ, ки зери ниқоби ислом тарҳрезӣ шудааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
- Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ховалингро ифтитоҳ намудан






Дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Гулистон маросими ботантана гуселонидани даъватшавандагони гулистонӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода аз участкаҳои интихоботии шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраки Сирдарё, Чоруқдаррон ва Консой боздид ба амал оварда, бо вазъи ободонӣ ва таъминоти онҳо огаҳӣ пайдо намуд.
29 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.















