8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ваҳдат мулоқот карданд.
Ҳадафи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои корҳои созандагию ободонӣ, иҷрои барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ, амалисозии ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
Президенти мамлакат бо изҳори қаноатмандӣ аз рушду пешрафти кишвар, ободу зебо гардонидани ватани азизамон ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар хонадони халқ, ки бо талошҳои мардуми шарафманди ҷумҳурӣ ба даст омадааст, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат, дар навбати худ, барои ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи шаҳру ноҳияҳо тамоми захираву имконотро сафарбар кардааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои 10-ошёнаи истиқоматиро бо коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази савдою хизматрасонӣ дар шаҳри Ваҳдат ифтитоҳ намуданд
- МАСЪАЛАҲОИ ЗАБОНШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов
- ХИЁНАТРО НАМЕБАХШАНД






8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ҳавзҳои моҳипарвариро, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меҳвари Душанбе» бунёд гардидааст, ифтитоҳ карданд.
Дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзҳои моҳипарварӣ ва як меҳмонхонаро дар ин мавзеи дилфиреб ифтитоҳ карданд.
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти нашъунамои зироати тирамоҳӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии «Наҷот», «Икромҷон-1», «Ойбӣ», «Зулфия», «Бахтиёр» ва «Фирӯз» дар деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Дар деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидматро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоти таълим дар он шинос шуданд.














