Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Левакант Парчами давлатиро барафрохтанд.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ буда, дар маркази шаҳри Левакант парафшон карда шуд, ки баландии сутунпояи он 41 метрро ташкил медиҳад. Паҳноии матои Парчам 6 метр ва дарозии он 12 метр буда, дар ободонии атрофи иншоот кормандони зерсохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллии шаҳри Левакант саҳми муносиб гузоштанд.
Шинонидани зиёда аз 18 ҳазор дона гулҳои ороишӣ, қариб 270 бех ниҳолҳои сояафкан ва васлу насби воситаҳои дигари ороишӣ, аз ҷумла ба таври муосир чароғонсозии Майдони Парчами давлатӣ ин маконро ҷолибу диданӣ гардонидааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба ҷашни 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид
- Паёми видеоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид
- ВЫБОРЫ ПРЕЗИДЕНТА – ИСТОК НАЦИОНАЛЬНЫХ ЦЕННОСТЕЙ






22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ташриф оварда, ду агрегати ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакатро ба кор дароварданд.
Баъд аз ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус ва шиносоӣ бо шароити он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва сокинону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тус», ки таъмиру навсозӣ гардидааст, боздид ба амал оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!














