11 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба номзади дилхоҳи худ овоз доданд.
Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба участкаи интихоботии рақами 15 ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ 2, ки дар маҳалли зисташон қарор дорад, ташриф оварданд.
Тавре аён гардид, мардум дар ин участкаи интихоботӣ низ чун ҳамаи участкаҳои дигар дар тамоми қаламрави кишвар хеле фаъоланд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ваҳдат мулоқот намуданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ «Меҳвари Душанбе»-ро дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат мавриди истифода қарор доданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳавзҳои моҳипарварӣ ва меҳмонхонаи ҶДММ «Баҳор»-ро дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ифтитоҳ намуданд






Барои таъмини намудани аҳолӣ бо маводи ниёзи мардум дар маркази шаҳр барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ярмарка-фурўши маҳсулоти кишоварзӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ташкил карда шуд.
Дар толорҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва ҷамоати шаҳраки Консой филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» бо иштироки фаъолон ва толибилмон намоиш дода шуд.















