Матни равон

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода баргузор гардид.

Иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ бо танинандозии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Сараввал котибот, рӯзномаи иҷлосия тасдиқ гардид. Доир ба масъалаи асосӣ “Дар бораи баррасӣ намудани нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба амалисозии марҳилаи сеюми “Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода маърӯза намуд.

Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 30-юми майи соли 2018, №225 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми апрели соли 2018, №227 тасдиқ гардидааст, қарори раиси шаҳри Гулистон 5-уми июни соли 2018, №123 «Дар бораи ба корбарӣ гирифтани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ба тасвиб расид. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ баҳри муайян намудани роҳҳои рушди соҳибкорӣ дар ҳудуди шаҳр чораҳои мушаххас ва амалӣ андешида шуданд.

Аъзои комиссияи доимӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии “Саъдӣ” №29 Ғуфронҷон Абдуллоев оид ба ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалањои саноат, сохтмон, алоқа, хоҷагии коммуналӣ ва хизматрасони ба аҳолӣ маърӯза намуд. Дар бораи ҳисоботи ваколатҳои вакилӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии “Зарзамин” №15 Парвиз Аҳмадҷонов суханронӣ кард.Сипас вакилон қарорҳои Раиси шаҳри Гулистонро тасдиқ намуданд.

Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Маҳмадӣ Давлатов иштирок дошт.

Иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ бо танинандозии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни анҷом пазируфт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:267
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12680
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91067
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7630912

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?