15 октябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли шоколади “Ҳаловат”, ки дар минтақаи саноатии шаҳр бунёд гардидааст, оғоз бахшиданд.
Маҳсулоти шоколадӣ дар корхона бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ тавлид гардида, дорои сифати баланд мебошад.
Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, иктидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 400 киллограмм маҳсулоти ғизоӣ мебошад.






15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд хати нави технологии истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмудов Ғ»-ро ба истифода доданд.
15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд се хатти нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайҳун»-ро мавриди истифода қарор доданд.
15 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Шарқи шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, Маркази ташхисӣ-табобатии “Шифобахши Аср”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар рӯзи якуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён»-ро, ки бо тарҳи хеле зебо ва муосир бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.














