Матни равон

(Андеша пас аз тамошои филми мустанади «Хиёнат»)

«Касеро, ки ба иштибоҳ роҳ додаст бахшидан мумкин аст, аммо касе, ки хиёнат мекунад бахшида намешавад». Таҳти ин гуфтор пайваста кирдорҳои разилона ва хоинонаи ҷонибдорон ва роҳбарони хоини ҲНИ  намоиш дода шуда истодааст, ки дарвоқеъ барои мардуми тоҷик саҳифаҳои норавшан ва пур аз хиёнату разолати ҷонибдорони ин ҳизби ба ном исломӣ маълум гардида истодааст.

Дар ҳакиқат, ин нукта ҷойи баҳс надорад, ки дар ҳамаи давру замон касони хиёнаткорро намебахшиданд ва бахшидан низ мумкин нест. Дар шароити имрӯза ҳамаи мардуми шарафманди Тоҷикистон бори дигар бовар карданд, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ягон ниятҳои пок надорад, балки мақсади асосии онҳо аз ҳамон ибтидо ба даст овардани курсии мансаб ва вазифа буда, барои татбиқи ин ғаразҳои нопоки хеш аз ягон амали бадтарин парҳез намекунанд.

Агар ба таърих таваҷҷуҳ кунем, онҳо солҳои 90-ум нахустин маротиба барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки хеш кӯшиш намуданд, аммо хушбахтона мардуми сарбаланди тоҷик, ҳарчанд дар ин сардаргумиҳо талафоти ҷонии зиёд доданд, дар охир чеҳраи палиди Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯро шинохтанд. Дар оғози даврони истиқлолият ҳарчанд давлату ҳукумат ба онон бовар карда мансабҳои баландро сазовор донист то ки барои пешрафти ватани азизамон саҳмгузоранд, аммо ин ноҷавонмардон ҳамин ки ба сари мансаб расиданд ба ҷои он ки ба халқу миллат ёрӣ расонанд онҳо танҳо мансабталошӣ ва боигариро фикр карданд. Имрӯз мардуми Тоҷикистон дарк мекунанд, ки   Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба кадом андоза бо роҳҳои паст манфурона чеҳраи хешро намоиш дода истодаанд. Мардуми тоҷик аз азал соҳиби хираду маърифат ҳастанд, дигар ба макру фиреби чунин гурӯҳҳои худхоҳу мансабталош намеафтанд. Имрӯз аз он ифтихор мекунем, ки тамоми мардуми кишвари аззиамон дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид гардида барои шукуфоии мамлакат талош менамоянд. Ягонагию муттаҳидӣ асоси ҳамагуна пешравӣ мебошад. Агар мо дар иттифоқ ва ваҳдату ҳамдастӣ амал намоем, Ватани азизамон аз ин ҳамшукуфонтар мегардад. Мо ифтихор мекунем, ки таҳти парчами ягонагӣ ва муттаҳидӣ ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сари баланд ба пеш меравем. Нест бод, Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ! Нест бод душманони миллат! Зинда бод, Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Алиҷон Равшанов, шаҳри Гулистон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:977
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2433
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10150
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38709
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7771099

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?