Матни равон

Устодон ва омӯзгорони арҷманд!

Пешаи наҷиби омӯзгорӣ, кору пайкори ҳамарӯзаи муаллими ҳақиқӣ, худафрӯзӣ ва сӯхтану сохтанҳои ӯ, заҳматҳои пайвастааш ва маърифатноксозии мардум сазовори ҳама гуна сипосу арҷгузорӣ ва эҳтиромҳо мебошад. Омӯзгор машъали  фурӯзонест, ки тинати мардумро нур мебахшад. Муаллими асил ба ҳукми боғбонест, ки навниҳолакону наврустаҳои боғи зиндагиро бо меҳру муҳаббати беандоза мепарварад, то онҳо беосеб ба камол расанд ва меваҳои пурсамар ба бор оранд.

Мақому манзалат ва нақши омӯзгор, алалхусус дар даврони соҳибистиқлоли кишварамон  ба маротиб афзудааст. Дар замони Истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллимро «Ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он» номидаанд. Ҳукумати Тоҷикистон баҳри пешрафти кори муаллим ва беҳбудии рӯзгори ӯ пайваста ғамхориҳо мекунад. Ҳамасола афзоиши музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, муқаррар гардидани як қатор имтиёзҳо барои муаллимон, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба он хотир аст, ки омӯзгор тамоми донишу заковат, гармии дили хешро бедареғ ба фарзондони халқ бидиҳад ва ҳамзамон худро хушбахт шуморад.

Беҳуда нест, ки ниёгони шуҳратманди мо, бузургони адабиёти қадимию пурғановати оламшумуламон дар тамоми давру замонҳо муаллим, устодро ситоиш кардаанду ӯро ҳамду саноҳо хондаанд. Камолиддин Биноӣ устодро «аз падар пеш» гузоштааст. Шайх Саъдии хирадманд «ҷабри устодро беҳ зи меҳри падар» гуфтааст. Мавлоно  Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Хушбахтона, дар даврони соҳибихтиёрӣ омӯзгорони арҷманди мо рисолати таърихии худро сарбаландона идома дода, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ, таълими илму фан ва тарбияи ватандӯстии насли навраси Гулистон чун созандагони ҷомеаи навин нақши босазо гузошта истодаанд. Алҳол, беш аз 800 нафар омӯзгорон дар 25 муассисаҳои таълимии шаҳр машғули тадрису тарбия мебошанд. Беш аз 40 нафари онҳо дорандагони унвони фахрии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, зиёда аз 280 нафар муаллимони тахассуси олидор, беш аз 180 нафар омӯзгорон тахассуси якумро соҳиб мебошанд.

Итминони комил дорам, ки омӯзгорони гулистонӣ иди касбии худро дар рӯҳияи баланди сиёсӣ дар роҳи иҷрои рисолати пуршарафи хеш ва вусъати тоза бахшидан дар раванди рушди соҳаи маориф истиқбол менамоянд.

Шумо, устодони муҳтарам ва омӯзгорони гиромиро бо Рӯзи иди касбиатон самимона муборакбод гуфта, бароятон офияту саодати ҷовидон, комёбиҳо дар тарбияи насли наврас, иқдомоти нав ба нав ба нафъи халқ, шукуфоии минбаъдаи Ватани маҳбубу азизамонро таманно менамоям.

Ид муборак, устодону муаллимони иззатманд!

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1095
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2433
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10268
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38827
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7771217

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?