25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли фараҳмандӣ Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Фаронса табрику муборакбод мегӯям.
Бо ибрози беҳтарин таманниёти хеш ба Шумо сиҳатмандии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи пурмасъулиятатон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Фаронса сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам.






Имрӯз, 25 апрели соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Маросими ба нафақа гусел намудани мудири бахши фарҳанги шаҳр Абдуллозода Фатҳулло Сайфулло баргузор карда шуд. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр номаи шодбошии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзодаро манзури ҳозирин намуд. Зикр гардид, ки Фатҳулло Абдуллозода фаъолияти кории худро ҳанӯз соли 1980 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов оғоз намудааст. Ҳамчунин, солҳои 1981-1983 сарбаландона хизмати ҳарбиро адо намуда, пас аз адои хизмати ҳарбӣ фаъолияти пурмаҳсули меҳнатии худро дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов идома дода, зина ба зина дар вазифаҳои гуногун то соли 2001 дар ин даргоҳи муқаддас ифои вазифа намудааст.
Дар шаҳри Гулистон оид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулин ва мураббиёни муассисаи давлатии "Мактаби варзишӣ"-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, истодаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд
Дирӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
















