Матни равон

Дар шаҳри Гулистон тибқи қарори ба тавсиб расидаи Раиси шаҳр доир ба таҷлили 77-солагии  Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо чорабиниҳои поси хотир баргузор гардида истодааст.

Тибқи нақша имрӯз, 07.05.2022 дар ҷамоати шаҳракҳо аз ҷумла дар Ҷамоати шаҳраки Консой чорабинии поси хотир баргузор карда шуд. Раиси ҷамоати шаҳрак Амир Муҳаббатов номаи табрикии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзодаро ба самъи иштирокдорон расонид. Сипас, дар пояи муҷассамаи сарбози бенишон ҷиҳати поси хотири фарзандони фидогардидаи миллат маросими гулчанбармонӣ доир гардид.

Ҳамшаҳриёни азиз!

Рӯзи 9-уми май ба Ғалабаи бузурги таърихи инсоният ғалаба бар фашизм 77 сол пур мешавад ва ин ҷашнро тамоми мардуми сарбаланди кишвар дар радифи дигар сокинони сайёра ботантана таҷлил мекунанд.

Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи инсоният буд. Дар натиҷаи ин ҷанги хонумонсӯз ва нажодпарастона кишварҳои бисёре хароб, бештар аз 50 миллион одам қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Тоҷикистон низ дар ин ҷанг талафоти зиёде дод.

Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин ғалаба таъкид намудаанд, ки: «Ҳар як рӯзи пурфоҷиаи ҷанг барои халқҳои Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон як имтиҳони ҷиддӣ ва сабақӣ гардида буд. Имрӯз баъди гузаштани чандин даҳсолаҳо мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки халқи тоҷик якҷо бо халқу миллатҳои гуногун бар зидди мусибату машақатҳои бениҳоят вазнини ҷанг истодагарӣ карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашт ва дар таъмини ғалабаи бузург бар фашизм саҳми муносиб гузошт”.

Вохӯрии Раъно Ҳошимзода номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон дар шаҳри Гулистон

Имрӯз, 6 майи соли 2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр вохӯрии Раъно Ҳошимзода номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ 260 нафар сокинони касбу кори гуногуни шаҳр ширкат доштанд.

Тибқи маълумоти Комиссияи ҳавзавии интихоботӣ оид ба интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, ҳудуди ҳавза Маркази шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои Сирдарё, Зарнисор ва Навгарзанро дар бар гирифта, дар он мувофиқи ҳисоби пешакӣ 12257 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳудуди ҳавза 9 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст ва ҷараёни ташкили интихобот дар участкаҳои интихоботӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Дирӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.

Дар оғози суҳбат роҳбарони ду давлат ба муносибати фарорасии иди мубораки Фитр бо таманниёти сулҳу некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ ба мардумони Тоҷикистон ва Узбекистон мубодилаи табрикоти самимӣ намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистонро дар арсаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ карданд. Бо изҳори қаноатмандӣ ҷараёни рушди ҳамаҷонибаи онҳо таъкид гардида, ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани ҳамкории дуҷониба бо муҳтавои нави амалӣ мутобиқ ба мувофиқаҳои қаблан дар сатҳи олӣ ҳосилшуда изҳори итминон карда шуд.

5 майи соли 2022 дар толори Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон вохӯрии Раъно Ҳошимзода номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ шумораи зиёди сокинони касбу кори гуногуни шаҳрак ширкат доштанд.

Вохӯриро раиси ҷамоати шаҳрак ҳусни оғоз бахшида, мақсаду муҳтавои чорабиниро манзури иштирокчиён намуда, суханро ба Ҷамолиён М.Ғ.-раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ва шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дод.

 

Номбурда пас аз муаррифӣ ҷанбаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15-ро баён намуд. Иброз дошт, ки дар вазифаҳои гуногуну пурмасъулият фаъолият намудани Раъно Ҳошимзода ва ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардиданаш дарак аз он медиҳад, ки ҳамагуна душворию мушкилиро паси сар намуда, баҳри иҷрои масъулияти бар дӯш доштааш ҷиду ҷаҳд менамояд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2224
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5199
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13819
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24286
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49154
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145970
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9860884

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?