Имрӯз, 9 май пас аз таҷлили Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Гулистон бо иштироки намояндаи вилояти Суғд, Ғайбулло Муҳиддинов ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аёдати иштирокчиёни ақибгоҳ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қурбоной Раҷабова ва София Атоева сурат гирифт.
Ба номбурдагон аз номи Раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Гулистон кумакҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Қурбоной Раҷабова ва София Атоева дар хотима баҳри таҳкими сулҳу субот ва осудагии Ватан дасти дуо бардошта изҳори миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.






Субҳи имрӯз, 09.05.2022 дар Муассисаи давлатии Боғи фароғатӣ-фарҳангии “Темурмалик”-и шаҳри Гулистон ба ифтихори 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чорабинии умумишаҳрӣ дар пояи муҷассамаи «Ёдбуд» бо иштироки заҳматкашони ақибгоҳ, ҷанговарони интернатсионалист, муҳофизони сохти конститутсионӣ, чернобилчиён, сокинони маркази шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва меҳмонон ба вуқӯъ пайваст.
9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ташриф оварданд.
Ҳамватанони азиз!
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 31.03.2022, №36 ҷиҳати баргузории стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои соли таҳсили 2021-2022 санаи 07.05.2022 дар толори муассисаи таълимии №1 маркази шаҳр озмуни стипендияи Раиси шаҳри Гулистон баргузор карда шуд.














