Матни равон

Имрӯз, 19-уми апрели соли 2022 дар асоси нақшаи баргузории силсилаи мулоқоту вохўриҳо дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва хониши сиёсӣ таҳти унвони, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрдории ҷавонону наврасон ва манфиатҳои миллӣ, дар гимназияи №1-и  маркази шаҳр бо ҷавонони синни 16-18 сола   баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Фирӯз Ғаниев мушовири корҳои тарбиявии шуъбаи маорифи шаҳр, Рухшона Содиқзода масъули кор бо ноболиғон ШВКД-и шаҳр ва Фазилат Фаридунова муовини директори муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд.

Рӯзҳои 14-17-уми апрели соли равон дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии  олимпиада аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, олимпиада аз фанни ҳуқуқ ба номи Куруши Кабир,  олимпиада аз фанни таърих ба номи Бобоҷон Ғафуров, олимпиада аз  фанни забони русӣ ба номи Александр Пушкин, олимпиада аз фанни забони англисӣ ба номи Уилиям Шэкспир,   олимпиада аз  фанни забони давлатӣ,  олимпиада аз  фанни забон ва адабиёти рус ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ  барои синфҳои 11 дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ки дар он 778 нафар хонанда иштирок намуданд.

Дар олимпиадаи мазкур хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон Нигина Зоидбоева, Аниса Туйчиева, Даря Нусратова ва Ҷонибек Деҳқонов фаъолона иштирок намуданд.

Санаи 18 апрели соли 2022 машварати кории иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода оид ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд 17 апрели соли равон баён доштанд ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласаи корӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 18 апрел баргузор гардид. Дар кори машварат раисони ҷамоати шаҳракҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолон ширкат намуданд.

Зимни машварати корӣ Раъно Ҳошимзода ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Президенти мамлакат сафари кориро дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки аз 14 то 17 апрел ҷараён дошт, натиҷагирӣ карда, оид ба татбиқи саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои зимни сафарҳои корӣ додаи Президенти мамлакат, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди масъулини вилоят вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ҳолати ба миёномада ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба Тоҷикистони мо таъсири ҷиддӣ расонида истодааст ва мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассоси буҳронӣ пешгӯинашаванда ва дарозмуддат мебошанд.

17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар мавзеи Кумарғи болои ноҳияи Айнӣ оғоз бахшиданд.

Маросими ифтитоҳи коргоҳи мазкур тариқи онлайн сурат гирифт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ва Раиси Раёсати ширкати “ТВЕА” Чжан Син дар шаҳри Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таври рамзӣ тугмаи ба кор андохтани коргоҳи холисгардонии тиллоро пахш намуда, тавассути монитор бо раванди коркарди маъдан ва истеҳсоли тилло шинос шуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:149
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2265
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2414
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:99435
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9659117

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?