Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо дастгирии соҳибкори саховатманд дар остонаи таҷлили Иди саиди фитр ба кормандони корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр кумаки якдафъинаи молиявӣ ва маводи ғизоӣ тақдим карда шуд.
Раъно Ҳошимзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр кормандони корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳрро бо фарорасии Иди саиди Фитр муборакбод намуда, зикр кард, ки Иди саиди Фитр таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ, файзу баракат, хайру эҳсон ва рӯҳияи инсонпарварона ба ҳисоб меравад.






Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар остонаи таҷлили Иди саиди Фитр ба 70 нафар ятимон ва камбизоатону ниёзмандон кумаки яквақта дар намуди маводи ғизоӣ расонида шуд.
Нимаи дуюми рӯзи 28 апрели соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи фаъолияти ҶДММ “Шоҳин-БМТ” ба он ташриф овард.
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои хайру саховат, аёдати шахсони дорои имконияти маҳдуд ва ниёзманд ва дигар қишри ҷомеа 28 апрели соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода шахсони дорои имконияти маҳдуд ва ниёзмандро аёдат намуд.
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар яке аз мавзеъҳои зебо ва хушбоду ҳаво беш аз 4000 сар навъҳои гуногуни паррандагони нодир, аз ҷумла кабки дарӣ, мурғи даштӣ, мурғҳои фиръавн ва ҳилолро, ки ба табиати Тоҷикистон мутобиқ ҳастанд, ба табиат сар доданд.














