Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр ва тозаву озода нигоҳ доштани он ба муносибати Иди саиди Фитр ҳашари умумишаҳрӣ баргузор карда шуд. Дар ҳашари мазкур кормандони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр иштирок намуданд.
Дар рафти ҳашари умумишаҳрӣ дар маҳаллаҳои дохили шаҳр, атрофи боғи фарҳангӣ фароғатии “Темурмалик”, назди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, оромгоҳи шаҳр ва дигар гӯшаву канори шаҳр корҳои тозаву озодагардонӣ ба роҳ монда шуд. Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр дар баровардани партовҳо ба ҳашарчиён кумак намуданд.
Чунин ҳашарҳо дар ҷамоати шаҳракҳо низ ба роҳ монда шуд. Ҳадаф аз баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва ба ин васила таъмини беҳдошти солимии ҷомеа мебошад.






Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Имрӯз, 30 апрели соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода тариқи равзанаи ягона қабули шаҳрвандон сурат гирифт.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибаи Иди саиди Фитр дар шаҳри Гулистон ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шуд.
29-уми апрели соли 2022 дар доираи даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дастаи "Ҳосилоти"-и ноҳияи Фархорро қабул намуд.














