Санаи 12 майи соли 2022 дар асоси қарори раиси шаҳр доир ба таҷлили Рӯзи оила дар тарабхонаи “Манижа”-и маркази шаҳр чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи оила баргузор гардид. Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода номаи табрикотии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ба самъи иштирокдорон расонид. Зикр карда шуд, ки оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: "Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад".
Дар чорабинии мазкур оилаҳои намунавии шаҳри Гулистон аз 20 то 55 сола даъват гардида буданд. Аз ҳама калонтарини оилаҳо оилаи Каримбердиевҳо аз шаҳраки Сирдарё ширкат доштанд. Каримбердиев Султон бо ҳамсараш Нурматова Муҳаррам тӯли 55 сол зиндагии якҷоя дошта, соҳиби 4 фарзанд, 16 набера ва 6 абера гаштаанд.
Ҳамчунин, оилаи намунавӣ оилаи Назришозодаҳо, ки тӯли 30 сол хушбахтона зиндагӣ доранд иштирок доштанд.






Дирӯз, 11 майи соли 2022 бо иштироки муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва роҳбарияти ширкати муштараки кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисор маросими идомаи мумфаршкунии роҳҳои марказии Ҷамоати шаҳрак ва оғози корҳои партовтозакунии корхонаи муштараки куюӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой сурат гирифт.
Имрӯз, 12 майи соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз вазъи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр дидан намуд.
Вохӯрии Раъно Ҳошимзода номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон дар шаҳри Гулистон
Аз 12 майи соли 2000 шурӯъ намуда, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар кишвар12 май ҳамчун Рӯзи шашмақом таҷлил карда мешавад.














