Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнат Антонина Коссе ва Рамзия Давлатбековаро аёдат кард.
Дар суҳбат бо собиқадорони меҳнат қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бахусус нафақагирон ва собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Зеро сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба самти ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодии табақаҳои калонсоли ҷомеа, собиқадорони ҷангу меҳнат равона гардидааст ва қабулу татбиқи қонуну қарор, амру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сатҳи ҳифзи иҷтимоии насли калонсол, бахусус собиқадорони меҳнат исботи ин гуфтаҳост.
Аёдатшудагон миннатдории худро барои дастгириву ғамхориҳои пайваста ба Ҳукумати мамлакат баён доштанд.






Дар шаҳри Гулистон бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми милливу стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, бунёди корхонаҳои гуногун ҷараён дорад. Соҳибкорон бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат корхонаҳои гуногун сохта, саҳми назарраси худро дар саноатикунонӣ гузошта истодаанд.
Рӯзи сешанбеи 3 май дар шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии мактаб барои хонандагони болаёқат оғоз бахшида шуд.
Имрӯз, 4 майи соли 2022 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба истиқболи 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар толори мактаби санъати шаҳр маҳфилҳои илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, бартарафкунандагони садамаи чернобел, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.
Имрӯз, 4 майи соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз кормандони нозироти андози шаҳрро таҳният намуд.














