Рӯзи 22-юми апрели соли 2022 дар асоси нақшаи баргузории силсилаи мулоқоту вохўриҳо дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва хониши сиёсӣ таҳти унвони, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, иҷрои Қонуни "Масъулияти падар модар, дар таълиму тарбияи фарзанд", баланд бардоштани маданияти шаҳрдории ҷавонону наврасон ва манфиатҳои миллӣ, дар муассисаи таълимии №4-и деҳаи Гулдараи Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо ҷавонони синни 16-18 сола ва волидайни онҳо вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Музаффар Бобоҷонов собиқадори соҳаи ҳарбӣ, Туйчиқул Усмонов раиси Шӯрои собиқадорони Ҷамоати шаҳраки Адрасмон ва Ғаниев Фирӯз масъули шуъбаи маорифи шаҳр, иштирок ва суханронӣ намуданд.






Имрӯз, 22 апрели соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода дар доираи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба мавсими қабули меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба осоишгоҳҳо аз КВД осоишгоҳи “Шифо” дидан намуда, бо вазъ ва имконоти мавҷудаи он шинос гардид.
22 апрели соли 2022 дар Донишкадаи Конфусии назди Донишгоҳи кӯҳӣ металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон маросими ба имзорасонии Созишномаи муштараки таҳсили донишҷӯёни Тоҷикистон ва ифтитоҳи курси омодагии забони чинӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ баргузор гардид.
Имрӯз, 22 апрели соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз ҶДММ осоишгоҳи “Абдуқодир Ҷабборзода” дидан намуда, бо имконоти мавҷуда ва сатҳи хизматрасонӣ шинос гардид.
Рӯзи 21-уми апрели соли 2022 дар асоси нақшаи баргузории силсилаи мулоқоту вохўриҳо дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон хониши сиёсӣ таҳти унвони, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падар модар, дар таълиму тарбияи фарзанд", баланд бардоштани маданияти шаҳрдории ҷавонону наврасон ва манфиатҳои миллӣ дар муассисаи таълимии №2-и Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон бо ҷавонони синни 16-18 сола ва волидайни онҳо вохӯрӣ баргузор карда шуд.















