Санаи 19.04.2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и Ҷамоати шаҳраки Адрасмон тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷавондухтарони муассиса вохӯрӣ баргузор карда шуд. Дар вохӯрии мазкур Ойинисо Раҳматова мудири бахши кор бо занон ва оила, Матлуба Сатторова сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Наргис Қаҳҳорова намояндаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷамоати шаҳрак иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мулоқот доир ба тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳуқувайронкунӣ, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила, ҷудо гардидани оилаҳои ҷавон, шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, риоя намудани муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб суханронӣ карда шуд.






Имрӯз, 20-уми апрели соли 2022 дар асоси нақшаи баргузории силсилаи мулоқоту вохўриҳо дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва хониши сиёсӣ таҳти унвони, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрдории ҷавонону наврасон ва манфиатҳои миллӣ, дар муассисаи таълимии №14-и маркази шаҳр бо ҷавонони синни 16-18 сола вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 20.04.2022 дар толори Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон шӯрои навбатии шуъбаи маорифи шаҳр баргузор гардид.
Имрӯз, 19-уми апрели соли 2022 дар асоси нақшаи баргузории силсилаи мулоқоту вохўриҳо дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва хониши сиёсӣ таҳти унвони, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрдории ҷавонону наврасон ва манфиатҳои миллӣ, дар гимназияи №1-и маркази шаҳр бо ҷавонони синни 16-18 сола баргузор карда шуд.
Рӯзҳои 14-17-уми апрели соли равон дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, олимпиада аз фанни ҳуқуқ ба номи Куруши Кабир, олимпиада аз фанни таърих ба номи Бобоҷон Ғафуров, олимпиада аз фанни забони русӣ ба номи Александр Пушкин, олимпиада аз фанни забони англисӣ ба номи Уилиям Шэкспир, олимпиада аз фанни забони давлатӣ, олимпиада аз фанни забон ва адабиёти рус ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои синфҳои 11 дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ки дар он 778 нафар хонанда иштирок намуданд.














