Матни равон

16 апрел зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Корхонаи коркарди пахта ва фабрикаи ҷуроббофӣ ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди корхонаи ресмонбарорӣ бо иқтидори лоиҳавии коркарди 10 тонна нахи пахта дар як шабонарӯз, дар масоҳати 2 гектар бо таъсиси 450 ҷойи нави корӣ дар се баст пешбинӣ гардидааст.

Арзиши лоиҳавии корхонаи коркарди пахта 79,3 миллион сомониро ташкил дода, бо дастгирии Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳияи Ашт бунёд мегардад.

16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи фарҳангию фароғатии “30-солагии Истиқлол” инчунин коргоҳи дӯзандагӣ ва тарабхонаро ба истифода доданд.

Ташкили коргоҳи дӯзандагӣ дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон, дар чаҳорчӯбаи амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар доираи солҳои 2022-2026, “Солҳои рушди саноат” ба роҳ монда шудааст.

Коргоҳи дӯзандагӣ дар асоси фармоиши мизоҷон сару либоси мактабӣ ва либосҳои кории соҳавӣ омода месозад. Дар ин муассиса бештар ҷавондухтарони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.

16 апрел дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Маҷмааи фарҳангию фароғатии “30-солагии Истиқлол”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маҷмааи фарҳангию фароғатии “30-солагии Истиқлол” бо иншооти савдо ва хизматрасонӣ бо маблағгузорӣ ва фармоиши роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” бунёд ёфта, сохтмони он бо ҷалби коргарони маҳаллӣ бо сифати баланд анҷом дода шуд. Арзиши лоиҳавии сохтмон 2 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дода, дар он барои 300 нафар ҷойи корӣ муҳайё гардидааст.

Дар дохили иншоот коргоҳи банду басти хуч ва меваҳои хушк бо иқтидори коркарди як тонна мева дар як баст ба истифодабарӣ дода шуд. Фаъолияти ин коргоҳи хурд имкон медиҳад, ки меваи хуч ва дигар намудҳои маҳсулот коркард шуда, пешкаши мизоҷон карда шавад. Зарфиятҳои бахши боғдорӣ дар ноҳияи Ашт зиёд буда, ноҳия макони меваҳои шаҳдбор ба ҳисоб меравад. Дар ҳудуди хоҷагиҳои кишоварзии ҳамаи ҷамоатҳои деҳот 500 гектар хучзор мавҷуд мебошад. Аз ин ҳисоб танҳо дар деҳоти “Ошоба” 260 гектар замини хуч ба қайд гирифта шудааст. Майдони умумии боғоти ноҳия бошад, 17 ҳазору 300 гектар аст, ки аз он 16 ҳазору 300 гектарашро зардолузор ташкил медиҳад.

16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт бинои нави Кӯдакистони хусусии “Бунёд”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи томактабӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ амалӣ гардида, онро соҳибкорзан, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд-ҷаҳони орзуҳои Шумо” Истамой Мадалиева сохта ба истифода додааст.

Бинои кӯдакистон аз се ошёна иборат буда, барои 80 кӯдак дар 5 гурӯҳ пешбинӣ гардидааст. Қабати якум аз ҳуҷраҳои корӣ, машғулиятгоҳ, толори бозии кӯдакон ва ошхона иборат буда, ошёнаи дуюм ва сеюмро ҳуҷраҳои хоб ва синфхонаҳо барои гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ ташкил медиҳад.

16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт, баъд аз ба истифода додани биноҳои беморхонаи ноҳиявии №5, дар шаҳраки Шайдон ба фаъолияти Фермаи чорвои калон оғоз бахшида, аз намоиши соҳаи чорводории ноҳия ва дастовардҳои чорвопарварони минтақа дидан намуданд.

Фермаи чорвои калони шохдор аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Зайлобиддин Мақсудҷонов дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Хоҷагии зотпарварии ба номи Тӯйчӣ Эрйигитов” ташкил ва барои парваришу нигоҳубини 200 сар чорво пешбинӣ гардидааст. Хоҷагии зотпарварӣ дар як гектар замин доман паҳн карда, аз се соябони гуногунҳаҷм, ки дар маҷмӯъ 1800 метри мураббаъро ташкил медиҳанд, иборат мебошад. Иншооти мавҷуда мувофиқ ба талаботи ҷории парвариши чорво бунёд гардида, бо шароити зарурии чорводорӣ таъмин мебошад. Айни замон дар ферма 15 нафар бо кор таъмин шудаанд ва бо назардошти васеъ гардидани фаъолияти ферма, шумораи коргарон низ зиёд хоҳад шуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1925
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5199
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13520
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24286
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48855
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145970
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9860585

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?