16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳия Ашт, дар деҳоти Понғоз бинои Беморхонаи ноҳиявии рақами 5-ро мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири хизматрасонӣ дар он шинос гардиданд.
Беморхона аз се бинои дуошёна, таҳхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 80 кати хоб дар асоси санъати меъмории миллӣ ва муосир дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани беморхона 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Барои табобат ва муолиҷаи беморон дар беморхона 4 шуъба, аз ҷумла амрози калонсолону бачагона, таваллудхона, ҷарроҳӣ ва ташхисгоҳи функсионалӣ мавҷуд мебошад. Ҳамаи шуъбаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ муҷаҳҳаз буда, дар он табибон бо истифода аз технологияи муосир ба мардум хизмати муосири тиббӣ мерасонанд. Дастгоҳу таҷҳизоти беморхона истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Олмон, Италия ва Чин мебошанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти истеҳсолии коргоҳи «Хуҷанд-Могилёвлифтмаш» оғоз бахшиданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи таълимии ғайридавлатии Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологии Тоҷикистонро
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои ҶДММ «Амина К»-ро мавриди истифода қарор доданд






16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.














