Матни равон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар мақоми роҳбарикунадаи сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Асомуддин аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ озод гардида, Саодатзода Раҷаб ба ин вазифа таъин гардид.

Дар асоси Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа озод гардида, кадрҳои ҷавону дорои қобилияту малакаи роҳбарӣ ба вазифаҳои муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ таъин гардиданд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум оғоз гардид.

Раиси иҷлосия, Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода баъди гузаронидани муқаррароти пешбинишуда, иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум аз 35 нафар вакилони интихобшуда 32 вакил иштирок дорад ва 3 нафар бо сабабҳои узрнок ҳузур надорад. Ҳамчунин дар кори иҷлосия роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, намояндагони воситаҳои ахбори умум даъват шудаанд. Дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси шаҳрӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, директори маркази стандартизатся, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Муҳаммадӣ Давлатов низ ширкат дошт.

8 марти соли 2021

Модарону бонувони арҷманд ва хоҳарони азиз!

Ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор фаро мерасад, тамоми модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азизро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд.

Яъне модар барои ташаккули маънавии фарзанд шабонарӯз заҳмат мекашад, тамоми умри худро бо ғаму шодии ӯ сипарӣ менамояд ва ҳамеша дар орзуи хушбахтии фарзандаш аст.

Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастур ва раҳнамоиҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо азми роҳбарияти шаҳр дар даромадгоҳи ғарбии шаҳр иқдоми бунёдкорӣ – ҳашари умумишаҳрӣ сурат гирифт.

Дар ин иқдоми наҷиб Баҳодур Шерализода вазири Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Абдуаҳад Ҳакимзода низ иштирок доштанд. Дар раванди корҳои ободонию созандагӣ беш аз 28 адад дарахти сӯзанбарги қримӣ ва 200 адад дарахти элдорӣ шинонида шуд.

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Модар Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ва директори маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Маҳмадӣ Давлатов ба бонувони собиқадори шаҳр Санавбар Нуриллоева собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ, Дилбар Рустамова собиқадори соҳаи маориф, Малоҳат Пулотова собиқадори хизмати давлатӣ, Ризқия Каримова  ва Рима Беляева туҳфаҳои Раиси вилояти Cуғд ва Раиси шаҳрро тақдим намуданд.

Собиқадорон аз ин тадбир рӯҳи болида гирифта, ғамхориҳои Ҳукумати кишварро нисбати бонувон ва арҷгузории собиқадорон ёдоварӣ намуда, изҳор  доштанд, ки имрӯзҳо бонувони шаҳр баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ шаҳри азизамон, як гӯшаи Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Ҳамчунин онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд. Дар интиҳо собиқадорон барои ин тадбири наку изҳори сипосмандӣ намуданд.

 

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1217
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3043
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7957
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:36516
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7768906

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?