Матни равон

Имрӯз, 4 майи соли 2022 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба истиқболи 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар толори мактаби санъати шаҳр маҳфилҳои илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, бартарафкунандагони садамаи чернобел, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.

Дар маҳфили илмӣ-адабӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раиси шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Қобилҷон Усмонов, устоди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Сафар Эркаев, устоди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Ҷамолиддин Абдукаримов,  раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон Қосимова Каромат Маҳмудовна, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Абдураҳмонов Аҳлиддин Абдукаримович ва мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Рўзи 9-уми май ба Ғалабаи бузурги таърихи инсоният, ғалаба бар фашизм 77 сол пур мешавад ва ин ҷашнро тамоми мардуми сарбаланди кишвар дар радифи дигар сокинони сайёра ботантана таҷлил мекунанд.

Асосгузори Сулҳу ваҳдати Миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба  аҳамияти ин ғалаба таъкид намудаанд,  ки «Ҳар як рӯзи пурфоҷиаи ҷанг барои халқҳои Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон як имтиҳони ҷиддӣ ва сабақӣ гардида буд. Имрӯз баъди гузаштаи чандин даҳсолаҳо мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки халқи тоҷик якҷо бо халқу миллатҳои гуногун бар зидди мусибату машақатҳои бениҳоят вазнини ҷанг истодагарӣ карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашт ва дар таъмини ғалабаи бузург бар фашизм саҳми муносиб гузошт. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 300 ҳазор нафар ватандӯстони тоҷик (аз онҳо 78 ҳазор нафарашон аз вилояти Суғд), дар ҷабҳаҳои мубориза шуҷоати мардонагӣ нишон дода 92 ҳазор нафарашон (аз онҳо 30 ҳазор нафарашон аз вилояти Суғд ) дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаанд.  44 ҳазору  957 нафар (асосан калонсолон) барои кор дар саноати ҳарбии мамлакат, ки дар қисмҳои марказӣ ва Сибир (Свердловск,  Чилябенск, Новосибирск, Татаристон ва дигарҳо) фаъолият мекард,  сафарбар  шуда буданд ва бо меҳнати шуҷоатноки худ ба ғалабаи халқи Шӯравӣ саҳм гузоштанд. Аз фиристодагони Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳазор нафарашон дар 250 амалиётҳои ҳарбӣ мардонагию шуҷоати зиёд нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. Баҳри хидматҳои шоён 67 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба Унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ  (15 нафарашон аз вилояти Суғд)  сазовор шуданд.

Таблиғотчиён доир ба аҳамияти Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба, саҳми меҳнаткашони ақибгоҳ ва дигар ҷанбаъҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маълумот доданд.

Дар фарҷоми қисмати илмии маҳфил таъкид гардид, ки халқи Тоҷикистон дар солҳои ҷанг фазилатҳои хуби ватандӯстию иродаи шикастнопазир нишон дода, тавассути   қаҳрамонию ҷонбозиҳо дар кори ғалаба ҳиссаи арзандаю  шоиста гузошт.  Он қаҳрамонӣ,  шуҷоат, диловарӣ ва садоқате, ки фиристодагони Тоҷикистон дар қатори миллионҳо нафар намояндагони  халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон доданд,  намунаи олии ватандорӣ ва дарси мардонагӣ буда, дар китоби таърихи Ватан бо хатҳои заррин сабт шудааст ва насли ҷавони имрӯза вақте ки онҳоро варақгардон мекунад, дар мисоли садоқатмандию ватанпарастии бобоён ва падарони шуҳратманд, дарси садоқату вафодорӣ ба диёрро меомӯзад.

Дар қисмати фарҳангии маҳфили илмӣ-адабӣ санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо сурудҳои ватандӯстона хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.

Сипас, таблиғотчиён дар маросими гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи сарбози номаълум дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангӣ фароғатии “Темурмалик” иштирок намуданд.

Баргузории маҳфилҳои илмӣ адабӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” дар ҷамоати шаҳракҳо идома меёбад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1182
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2331
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10176
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43775
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7685695

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?