15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти истеҳсолии коргоҳи “Хуҷанд-Могилёвлифтмаш” оғоз бахшиданд.
Коргоҳи нави истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷандторгмаш” Музаффар Ҷумъаев дар ҳамкорӣ бо Корхонаи истеҳсоли лифти “Могилёвлифтмаш”-и Ҷумҳурии Беларус таъсис дода шудааст.
Масоҳати умумии корхона 1,8 гектарро ташкил дода, барои бунёди коргоҳ 2,9 миллион сомонӣ маблағ харҷ гардидааст. Аз ин 2,1 миллион сомонӣ барои харидориву васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти технологӣ равона шудааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Суғд»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҶДММ «Сомон-Кишоварз»-ро ба истифода доданд
- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҶДММ “Органик-Ян 2”-ро ифтитоҳ карданд






















