Имрӯз, 21.04.2022 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба Ҷамоати шаҳраки Зарнисор ташриф оварда, зимни ташриф аз раванди фаъолияти истеҳсолии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”, ки яке аз корхонаҳои саноатии бузургтарин дар миқёси шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона корҳои истеҳсолӣ бо маром ҷараён дошта, масъулин барои фаъолияти мунтазам ва иҷрои уҳдадориҳои истеҳсолӣ талош доранд. Ҳамчунин, дар корхона корҳои таҷдиду азнавсозӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ идома дорад ва бо ба анҷом расидани корҳо дар ин самт имконияти фаъолияти истеҳсолии корхона зиёд мегардад.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода зимни боздид ба масъулини ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” ҷиҳати вусъат бахшидани фаъолияти истеҳсолӣ, иҷрои саривақтии уҳдадориҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани музди маоши кормандон ва мусоидат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии сокинони шаҳрак дастурҳои мушаххас дод.






Имрӯз, 21-уми апрели соли 2022 дар асоси нақшаи баргузории силсилаи мулоқоту вохўриҳо дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва хониши сиёсӣ таҳти унвони пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрдории ҷавонону наврасон ва манфиатҳои миллӣ, дар муассисаи таълимии №3-и Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон бо ҷавонони синни 16-18 сола вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 21 апрели соли 2022 бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон дар бораи ташкил ва гузаронидани “Рӯзи мудофиаи гражданӣ”-и намунавӣ ва ягона дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ баргузор гардид.
Санаи 20.04.2022 дар толори Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон доир ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстеремистӣ ва дар мавзуи "Ҳуқуқи кӯдакро ҳифз намо", барои амалӣ намудани "Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024" бо иштироки кормандони шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, мудирони кӯдакситонҳо вохӯрӣ баргузор гардид.
Санаи 19.04.2022 дар толори қасри фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Адрасмон тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо хонандагони муассисаҳои таълимии №5, №7 ва №13 вохӯрӣ баргузор карда шуд. Дар вохӯрии мазкур Ойинисо Раҳматова мудири бахши кор бо занон ва оила, Матлуба Сатторова сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Аҳлиддин Тоҷиддинов и.в мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Муборак Давлатова коргузори ҷамоати шаҳрак ва имомхатиби ҷамоати шаҳрак иштирок ва суханронӣ намуданд.














