Матни равон

Санаи, 14.04.2023 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз он ҷумла бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар толори Маркази таҳсилоти ивовагии шаҳр бо ҷавонони МТМУ №14  вохӯрии судманд доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии эктремизму тероризм ва  қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”  баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии  мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва Рухшона Содиқзода нозири калони кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар шаҳри Гулистон   иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар маркази шаҳр имрӯз 15 апрели соли 2023 ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шуд.

Дар ярмарка маҳсулотҳои гуногуни истеъмолӣ бо нархи нисбат ба бозор арзон ба фурӯш гузошта шуд. Арзиши маҳсулотҳои кишоварзӣ бо нархи дастрас барои фурӯш гузошта шуданд.

Маҳсулоти ниёзи аввал то 10-15 фоиз арзонтар нисбат ба нархи бозор фурӯхта шуд.

Аҳолии шаҳр ин иқдоми наҷибро дар моҳи шарифи Рамазон хуб пазируфта миннатдории худро иброз намуданд.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раъно Ҳошимзода аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон дар толори клуби фарҳангии “Лола”-и Ҷамоати шаҳраки Зарнисор баргузор карда шуд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раъно Ҳошимзода аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 зимни суханронии худ қайд намуд, ки сокинони сарбаланди шаҳри Гулистон дар семоҳи соли 2023 содиқона фаъолият намуданд. Ин буд, ки натиҷаҳо рушди иҷтимоиву иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар семоҳи соли ҷорӣ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.

Фаъолияти содиқонаи заҳматкашони шаҳр буд, ки дар давоми се моҳи соли 2023 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 70,5 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 108,0 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 5,2 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 16,8 миллион сомонӣ буда, 18,4 миллион сомонӣ ё 109,8 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 1,6 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.

Имрӯз 13 апрели соли 2023, дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар се моҳи соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар маҷлиси фаъолон муовинон ва роҳбари дастгоҳи  раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, расиони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори шуъбаи назорати давлатӣ оид ба фоъолияти тиббии Сарраёсати хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Пӯлодзода Илҳом иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори маҷлисро оғоз намуд. Муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар се моҳи соли 2023 маърӯза намуд.

7 апрели соли 2023 тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мулоқоти Раиси шаҳри Гулистон бо донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят дар муассисаи давлатии "Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ" баргузор гардид.

Нахуст, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода вохӯриро оғоз бахшида, ҳадафи онро ба донишҷӯён тавзеҳ дод.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон - қишри созандаи ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт як қатр корҳои назаррас ба сомон расонида шуда барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон, неруи бузурги созандаву бунёдкор, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва ояндаи миллату давлат ҳастанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2259
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2748
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5007
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22027
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:104293
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9663975

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?