Имрӯз 12.05.2023 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр дар доираи моҳвораи ҷавонон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ” конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки ҷавонони муассисаи таълимии ҷамоат баргузор гардид.
Дар кори конференсия Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Содиқзода Рухшона нозири калони минтақавии кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва Муҳаббат Ҳакимова директори муассисаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки боиси хушнудии мо ҷавонон аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар пайваста ба масоили дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, баҳри бо сифати баланди касбӣ роҳандозӣ намудани тадбирҳои пайваста ва судманду таъсирбахш, ки маҷмуи онҳо аз дастуру супоришҳо ва ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар ҷомеаи муосир мустаҳкам мегардад.






Дар толори мактаби санъати маркази шаҳр чорабинии фарҳангӣ доир ба таҷлили Рӯзи шашмақом баргузор гардид. Фаридуншоҳ Абдуллоев мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр табрикоти Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзодаро манзури аҳли фарҳангчиён ва иштирокдорон намуд.
Имрӯз, 11.05.2023 дар толори Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.
Имрӯз, 09.05.2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва намояндаи МИҲД - и вилояти Суғд, сардори Раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода заҳматкаши ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сафия Атоеваро аёдат намуда, ба муносибати 78-солагии Рӯзи Ғалаба муборакбод намуданд.
Субҳи имрӯз, 09.05.2023 дар Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” дар пояи муҷассамаи “Ёдбуд” ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чорабинии шаҳрӣ бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмилал, муҳофизони сохти конститутсионӣ, чернобелчиён, сокинони маркази шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо ва корхонаву муассисаҳо баргузор карда шуд.













