Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шудаистодааст.
Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар ҳамкорӣ бо қисмҳои низомӣ, шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намудаистодаанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Боздиди ҷавонони манотиқи гуногуни кишвар аз ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”
- БАРГУЗОРИИ КОНФРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, 2018-2028” ИҚДОМИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ”
- ДӮСТ ОЯД ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР – оғози Фестивали ҷумҳуриявии "Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ” таҳти унвони “Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!” дар шаҳри Гулистон






Санаи, 01.05.2023 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии судманд доир ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии эктремизму тероризм ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон-яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ва омили муттаҳидии миллат” бо иштироки наваскарон хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 01.05.2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назли Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятм Суғд хониши сиёсӣ таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳ-мактаби тарбияи ватандӯстии ҷавонон” бо сарбозону афсарон баргузор карда шуд.
Дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии "Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ” таҳти унвони “Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!” дар шаҳри Гулистон санаи 28.04.2023 ҷавонони манотиқи гуногуни кишвар аз Боғи фаҳангӣ-фароғатии "Темурмалик" дидан намуданд.
Дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии "Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ” таҳти унвони “Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!” дар шаҳри Гулистон санаи 28.04.2023 ҷавонони манотиқи гуногуни кишвар аз минтақаи истироҳативу сайёҳӣ ва “Баҳри тоҷик” дидан намуданд.














