16 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ҷавонони бемор ва дорои имконияти маҳдуди ҷисмониро аёдат намуда, онҳоро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонид.
Раиси вилоят нахуст дар шаҳри Гулистон маъюби гурӯҳи 2 Беҳрӯз Абдулатифзода ва Халичабегим Мирхоловаро ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифт.
Раиси вилоят зимни аёдат таъкид кард, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, бахусус беморону ниёзмандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ҳар сафари худ ба вилоят ятимону ниёзмандон мулоқот мекунанд ва ин қишри ҷомеа таҳти ғамхории доимии давлат аст.







Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Санаи 13.05.2023 бахшида ба Рўзи байналмилалии оила дар Муассисаи ғайридавлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон семинари дастурдиҳи оид ба мавзуи "Оила - арзиши олии ҷомеаи имрӯза" бо иштироки донишҷудухтарон баргузор гардид.
Дар доираи моҳвораи ҷавонон баҳри дастгирии хонандагону ҷавонони болаёқат ва ҳавасманд гардонидани онҳо қарори Раиси шаҳри Гулистон доир ба баргузории озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои соли хониши 2022-2023 аз 04.05.2023, №96 ба тасвиб расидааст.















