Матни равон

9 майи соли 2023, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!

Нӯҳуми май мардуми кишвари мо дар радифи дигар халқҳои сулҳдӯсти сайёра яке аз санаҳои таърихӣ – Рӯзи ғалаба бар фашизмро таҷлил мекунанд.

Ба ин муносибат, пеш аз ҳама, иштирокчиёни ҷанг ва ҳамаи онҳоеро, ки дар ақибгоҳ барои ба даст овардани пирӯзӣ бар фашизм саҳм гузоштаанд, инчунин, мардуми ватандӯсту сулҳхоҳи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Ҷанги дуюми ҷаҳон барои сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон яке аз давраҳои фоҷиабортарини асри гузашта ба ҳисоб меравад.

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар намуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар назар аст, ки дар рафти ин сафар Сарвари давлати мо дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба иштирок хоҳанд кард.

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм ба «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо истиқбол гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон нисор кардаанд, дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузоштанд.

Ҳамшаҳриёни азиз!

Рӯзи 9-уми май ба Ғалабаи бузурги таърихи инсоният ғалаба бар фашизм 78 сол пур мешавад ва ин ҷашнро тамоми мардуми сарбаланди кишвар дар радифи дигар сокинони сайёра ботантана таҷлил мекунанд.

Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи инсоният буд. Дар натиҷаи ин ҷанги хонумонсӯз ва нажодпарастона кишварҳои бисёре хароб, бештар аз 50 миллион одам қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Тоҷикистон низ дар ин ҷанг талафоти зиёде дод.

Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба  аҳамияти ин ғалаба таъкид намудаанд, ки: «Ҳар як рӯзи пурфоҷиаи ҷанг барои халқҳои Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон як имтиҳони ҷиддӣ ва сабақӣ гардида буд. Имрӯз баъди гузаштани чандин даҳсолаҳо мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки халқи тоҷик якҷо бо халқу миллатҳои гуногун бар зидди мусибату машақатҳои бениҳоят вазнини ҷанг истодагарӣ карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашт ва дар таъмини ғалабаи бузург бар фашизм саҳми муносиб гузошт”.

Дар толори Маркази адлияи шаҳри семинари омӯзишӣ дастурдиҳӣ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани коргузорӣ ва риояи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 қабул гардидааст бо иштироки коргузорони шуъбаву бахшҳо, ҷамоати шаҳракҳо ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.

Дар семинар мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев ва намояндаи Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Карим Шариф иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев ҳадафи баргузории семинарро ба самъи иштирокдорон расонида, таъкид намуд, ки раванди ҳуҷҷатгузорӣ дар шуъбаву бахшҳо, ҷамоати шаҳракҳо ва ҳамаи ташкилоту муассисаҳо тақвият бахшида шавад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2909
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2748
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5657
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22027
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:104943
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9664625

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?