Дар доири баргузории Фестивали ҷумҳуриявии "Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ” таҳти унвони “Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!” дар шаҳри Гулистон санаи 28.04.2023 ҷавонон аз рафти фаъолияти истеҳсолии ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” боздид намуданд.
Зимни боздид, ҷавонон аз фаъолияти истеҳсолии корхона аз наздик шинос гардиданд. Масъулини корхона доир ба фаъолияти истеҳсолии корхона ба ҷавонон иттилоъ доданд. Зикр карда шуд, ки корхона дар соли сипаригардида 2 миллион метри мураббаъ қолин истеҳсол намуд.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 марти соли равон коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд, ки ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ мусоидат менамояд.






28.04.2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии "Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ” таҳти унвони “Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!” дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр конфренсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” иқдоми ҷаҳонии Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ” баргузор гардид.
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии "Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ” таҳти унвони “Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!” ба роҳ монда шуда, дар ин фестивал ҷавонон аз Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд диндан менамоянд.
Имрӯз, 27.04.2023 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ бо аҳолӣ вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа бо иштироки сокинон ва кормандони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Санаи, 25.04.2023 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар толори МТМУ №10-и Ҷамоати шаҳраки Зарнисор вохурии судманд доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии эктремизму тероризм ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон-яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ва омили муттаҳидии миллат” бо иштироки ҷавонони 14-17 сола ва волидайни онҳо хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.













