Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо соҳибокорон вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрии мазкур роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр ва соҳибкорони шаҳрак иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода зикр намуд, ки
пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти олии кишвар роҳи зина ба зина барқарор кардани иқтидори иқтисодии кишварро пеш гирифта, барои ноил шудан ба ин ҳадаф тамоми малакаю заҳмату кушиши худро равона намуда истодаанд.
Ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати мамлакат” ва бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022-2026 ба тасвиб расид.






Имрӯз, 4 майи соли 2023 дар толори Нозироти андози шаҳр муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз кормандони нозироти андози шаҳрро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳният намуд.
Муҳтарам кормандони мақомоти Нозироти андози шаҳри Гулистон!
















