Санаи, 05.04.2023 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳр вохӯрии судманд доир ба интихоби касб ва бахшида ба қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили муттаҳидии миллат” бо иштироки ҷавонони муассисаҳои таълимии №5, №7, №13 баргузор карда шуд.
Дар вохурии мазкур сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Иззатов Лутфуло Бобоевич ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҷаҳду талошҳо дар роҳи фардои озоду ободи кишвар равона шудааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр баргузор гардид
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ «Азияполитекс»-ро ифтитоҳ намуданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов марҳилаи дуюми ҳавзҳои парвариши гулмоҳиро ба истифода доданд






Санаи 05.04.2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз Ҷамотаи шаҳраки Адрасмон дидан намуд. Зимни боздид бо ҷараёни корҳои сохтмонии муассиси кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳрак шинос гардид.
Санаи 05.04.2023 тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дар толори Кохи фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Адрасмон вохӯрии судман доир ба пешгири ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатшои тундагаро, иҷрои нақшаи даъват ва тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолони ҷамоати шашрак баргузор карда шуд.
Субҳи имрӯз, 04.04.2023 дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Гулистон маросими ботантана гуселонидани даъватшавандагони гулистонӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Имрӯз, 04.04.2023 дар шаҳри Гулистон ба ифтихори гусели наваскарон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ баргузор карда шуд.













