
1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд коргоҳҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва коргоҳи коркарди меваро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Дар доираи тадбирҳои ободонӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар як муддати кутоҳ бо бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ ва коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ ободу зебо ва сатҳи зиндагии сокинонаш боз ҳам беҳтару хубтар гардонида шуд.
Бо ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази истеҳсолию омӯзишии қолинҳои дастӣ дар деҳоти Овчиқалъача 40 нафар занону духтарони хонашин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Маркази саломатии деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомиро мавриди истифода қарор доданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод хоҷагии моҳипарвариро ифтитоҳ намуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод хати оби полезиро ба истифода дода, ба кишти пунбадона оғоз бахшиданд






Баъди ба истифода додани майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбачаи милитсияи шаҳраки Овчиқалъачаи Шуъбаи-2-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба истифода доданд.
1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо бардоштани парда аз рӯи лавҳа майдони Парчами давлатиро ба истифода доданд.
31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.













