Матни равон

Санаи 03.04.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласаи кории муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок доштанд.

Ҷаласаи корӣ дар заминаи машварати кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 31 март дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд доир гардид баргузор гардид.

1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд бо пахши тугмаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азияполитекс»-ро ба кор дароварданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкорони ватанӣ Миразиз Усмонов ва Илҳомҷон Бобоҷонов бунёд гардидааст.

Фаъолияти корхонаи мазкур ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, дар се баст 300 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов марҳилаи дуюми ҳавзҳои парвариши гулмоҳиро ба истифода дода, аз намоиши дастовардҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корпоратсияи моҳии тоҷик» боздид намуданд.

Ҳавзҳои гулмоҳипарварӣ дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар масоҳати 1 гектар ташкил гардида, дар онҳо парвариши 100 ҳазор моҳича ба роҳ монда шудааст.

Ин тадбир аз иқдомҳои муҳим дар самти амалишавии “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” маҳсуб ёфта, барои таъмини ҳадафи стратегии амнияти озуқаворӣ, фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва боло бардоштани иқтидори содиротӣ мусоидат мекунад.

Дар рӯзи чоруми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Анко — Инвест”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур истеҳсоли гӯшти аълосифати парандаро ба роҳ мондааст ва таҳти тамғаи “Савиа” маҳсулоти худро ба харидорон пешниҳод менамояд.

Корхонаи парандапарварӣ дар асоси муосиртарин технологияи соҳавӣ бунёд гардида, иқтидор дорад дар як марҳила, ки то 45 рӯзро дар бар мегирад, 350 ҳазор сар чӯҷа парвариш намояд. Ба ҳамин шакл дар 1 сол бо роҳандозии 5 марҳилаи парвариш, дар фермаҳои навбунёди ин корхона 1 миллиону 750 ҳазор сар мурғ нигоҳубин ва аз он гӯшти аълосифати парҳезӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар рӯзи чоруми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кооперативи истеҳсолии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маъракаи кишти пунбадона дар масоҳати 17 гектар замин иштирок карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пошидани чигит дар ин майдони кишт ба кори хоҷагидорон муваффақият таманно карданд.

Ҷомеаи меҳнатии бештар аз 600 нафараи ин Кооперативи истеҳсолӣ дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии мамлакатро сармашқи кори худ қарор дода, дар асоси риояи талаботи агротехникӣ сол аз сол масоҳати кишти пахтаро дар ҳудуди заминҳои дар ихтиёрдоштаашон зиёд ва ба ин восита даромаднокии хоҷагӣ ва некуаҳволии иҷоракорону саҳмдоронро беҳтар месозанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1888
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2748
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4636
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22027
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:103922
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9663604

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?