29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раванди бунёди токзори нав шинос шуда, дар маросими ба истифода додани хати оби полезӣ иштирок намуданд.
Хати оби полезӣ бо насби муҳаррикҳои нав аз канали якуми Сомғор ба ин мавзеъ оварда шудааст.
Иқдоми обёрии заминҳои мавзеи Сомғор бо мақсади истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳо аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардид. Ин раванд барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани қитъаҳои нав, пешгирӣ аз шӯршавии заминҳо, барқарор ва бунёди боғу токзорҳои замонавӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суҳбат анҷом доданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти корхонаи парандапарварии «Мурғи бебаҳо» оғоз бахшиданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Ганҷи Сомон»-ро ифтитоҳ карда, аз намоишгоҳи маҳсулоти корхона боздид намуданд






29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, дар Кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов, ки кишоварзонаш дар истифодаи самараноку оқилонаи замин ва парвариши зироату истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ доранду ҳамасола дар фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми назаррасу шоиста мегузоранд, бо раванди бунёди боғҳои нав шинос шуданд.
















