Имрӯз, 21.03.2023 дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона барпо карда шуд.
Дар чорабинии идона Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати тандурустии вилоят Муҳиддин Ҳабибуллозода иштирок намуданд.
Нахуст, Раиси шаҳр ва меҳмонон аз намоиши бозиҳои гуногуни варзишӣ ва бозиҳои миллӣ ва намоиши хаймаҳои наврӯзии оросташудаи корхонаву муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо дидан карданд. Дар хаймаҳои Наврӯзӣ таомҳои хоси Наврӯз, суманак, ҳафтсину ҳафтшин ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуд.






Имрӯз, 20.03.2023 дар маҳаллаҳои маркази шаҳри Гулистон Ҷашни Наврӯзро бо омода намудани суманак истиқбол гирифтанд.
Боиси ифтихор аст, ки унсурҳои деринаи ҷашни Наврӯз ба шакли зинда то ҳанӯз дар сарзамини тоҷик чун фарҳанги мардумӣ, ба шакли беолоиш вуҷуд доранд. Ба истилоҳи баъзе аз фарҳангшиносон «иморати хештаншиносии тоҷикон ду шоҳсутун дорад: яке забон ва дигаре ҷашнҳои аҷдодии Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва ҷашни Сада”.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Ҳамватанони азиз!














