Имрӯз, 18.03.2023 дар муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тибии шаҳри Гулистон чорабинии идона бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, муассиси коллеҷи мазкур Комилҷон Комилов, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Муслимахон Ҷамолиён ва директори коллеҷи тиббӣ Юнусова Шаҳодат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Сездаҳ сол муқаддам дар ҷаласаи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналхалқии Наврӯз» эълон намудани 21–уми март зимни ташаббуси як силсила давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки меросгири ҷашн аст бо ҳамовозии якдилона қатънома пазируфта шуд. Барҳақ, Наврӯзи байналмилалї рамзи ҳувияти миллї ва истиқлолияти давлати мо гардидааст.






Имрӯз 16.03.2023 дар коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи тасдиқгардидаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар якҷоягӣ бо филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҳфили илмӣ-амалӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
14 март дар тарабхонаи "Яккасарой"-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Кадбонуи беҳтарин" баргузор гардид. Озмуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318, дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2023, №24/10-8 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 24 феврали соли 2023, № 58 «Дар бораи ташкил ва баргузор кардани Озмуни вилоятии «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид.
Муҳтарам кормандони мақомоти Прокуратураи шаҳр!
13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.















