Модарон, бонувон ва хоҳарони арҷманд!
Боиси хушнудист, ки дар рӯзҳои муждагонӣ аз баҳору Наврӯз, оғози фасли шукуфтанҳо ва бедории табиат дар саросари олам ва бахусус Тоҷикистони маҳбуб Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Ба муносибати фарорасии Рӯзи модар кулли бонувони шаҳрро самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.
Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт буда, нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз ӯ мебошад. Модар шахси муқаддасест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Вохӯрии судманд ба ифтихори 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик
- Ҷамъбасти мусобиқаи варзишии волейбол байни бонувон бахшида ба Рӯзи модар, дар ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон
- ҶАМЪБАСТӢ МУСОБИҚАИ НАМУДИ ВАРЗИШӢ ЗЕҲНИИ "ШАШКА ВА ШОҲМОТБОЗИ БЕҲТАРИН", БАЙНИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ВА СОКИНОНИ КАСБУ КОРИ ГУНОГУН, ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ЧОРУҚДАРРОНИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН






Субҳи имрӯз, 06.03.2023 ба муносибати Рӯзи Модар дар маҷмааи “Тоҷикистон ба пеш!!!” Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кормандони КДФ "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр"-ро табрику таҳният намуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат карда, фарорасии Рӯзи Модарро табрик намуд.
Дар шаҳри Гулистон оид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шудаистодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.
Санаи 04.03.2023 дар Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки бонувони фаъол ва собиқадорзанони шаҳрак баргузор карда шуд.













