Санаи 03.03.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори МД "Маркази таҳсилоти иловагӣ"-и шаҳри Гулистон бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Фаридуншош Абдуллоев мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Карим Шариф котиби масъули созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аминҷон Шарифзода сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" ва Лоҳур Назришозода сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии "Соҳил" иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрии мазкур аз таърихи матбуоти тоҷик ёдоварӣ карда шуда, доир ба нақши матбуот дар ҳаёти рӯзмарраи ҷамъиятӣ ва дастовардҳои матбуоти тоҷик зикр карда шуд.






Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати баланд бардоштани тафаккур ва қобилияти зеҳнии ҷавонону наврасон, дар шаҳри Гулистон тадбирҳои зарурӣ ва муассир андешида шудааст.
Санаи 02.03.2023 тибқи нақшаи кории муштараки бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаи Зарчашмаи, ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо иштироки ҷавонони 14-17 сола ва волидайни онҳо вохӯрӣ баргузор карда шуд.
2 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин, ки ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот карданд.















