ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни
ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати
ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии
шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:
1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2023 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд.






28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Имрӯз, 28.02.2023 дар толори Коллеҷи тиббии шаҳр тибқи нақшаи Шурои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи модар маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат” бо иштироки бонувони донишҷӯён баргузор гардид.
Имрӯз 28.02.2023 тибқи нақшаи кории шуъбаи маорифи шаҳр дар Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр" ба муносибати Рӯзи байналмилалии бонувон бо иштироки омӯзгорзанон, собиқадорони соҳаи маориф ва и.в мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр дар мавзуи «Нақши занон дар пешбурди соҳаи маориф» мизи мудаввар ташкил ва баргузор карда шуд.
Имрӯз, 28.02.2023 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо иштироки ҷавонони 14-17 сола ва волидайни онҳо вохӯрӣ баргузор карда шуд.














