
26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар намуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
- Барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр имрӯз 24.12.2022 дар маркази шаҳр Ярмарка-фурӯши маҳсулоти агросаноатӣ баргузор карда шуд.
23.12.2022 дар шаҳри Гулистон тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид ба роҳ монда шуд.















