
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Барои ин гурӯҳи наврасон хони Наврӯзӣ ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.
Ҳамчунин дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо нисбат ба ятимон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар наврасон маҷмӯи сару либос, китоб, маблағи пулӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд. Ин ҳолат хушҳолию фараҳи кӯдаконро афзун намуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории корӣ зери унвони «Об моро муттаҳид месозад» иштирок ва суханронӣ карданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии «Об ва Наврӯз — ду сарчашмаи ҳаёти башар» дар доираи Конфронси оби СММ-2023 иштирок ва аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ боздид карданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд






29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаи парандапарварии “Мурғи бебаҳо” ва сардхонаи замонавӣ оғози расмӣ бахшида, бо шароити кори он шинос шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷи Сомон” оғози расмӣ бахшиданд.
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, бунёди боғу токзор, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи якчанд иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Ҳамватанони азиз!














