Имрӯз, 25.05.2024 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон фестивали шаҳрии футбол бахшида ба эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор карда шуд.
Дар фестивали мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд. Ҳамчунин дар фестивал ҷавонони муассисаҳои таълимӣ, коллеҷи тиббӣ, ҷамоати шаҳракҳо, дастпарварони академия "Сомониён" беш аз 4000 нафар иштирок намуданд.
Фестивал бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирокчиёни фестивалро бо фарорасии Рӯзи ҷаҳонии футбол муборакбод намуд.






Шоми 22 майи соли 2024 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр чорабинии идона ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, гирандагони Стипендияи Президентӣ, гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр, ҷавонони касбу кори гуногун, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ва дигар сокинону меҳмонони шаҳр баргузор карда шуд.
Ҷавонони гиромӣ!
Санаи 22.05.2024 дар шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони "Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” роҳпаймоӣ доир гардид.
Имрӯз, 22.05.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид.















