8 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон чанде аз маъюбонро аёдат карда, ба оилаи онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Боиси зикр аст, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 июл дар вилоят бахшида ба Рӯзи маъюбон силсилаи чорабиниҳо гузаронида шуда, бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ низ ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.
Дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз 25 июни соли 2024 барои аёдати наздик 1000 нафар маъюбон ва 291 нафар маъюбони то синни 18 сола 375 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳо низ барои ҳифзи иҷтимоии маъюбон тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, шахсони имконияташон маҳдуд дастгирӣ карда шуда истодаанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






8 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон омада, бо корҳои таҷдиду барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии "Қайроққум" шинос гардид.
Санаи 05.07.2024 бахшида ба 80-солагии собиқадори соҳаи ҳифзи ҳуқуқ Султон Каримбердиев дар толори мактаби санъати маркази шаҳр конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода, муовини сардори Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирӯз, сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Комрон Қаҳҳоров, раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов ва раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Каромат Қосимова, соҳибҷашн Султон Каримбердиев ва дӯстону пайвандон, собиқадорон, ҳамкорону ҳамсабақони соҳибҷашн иштирок иштирок намуданд.
Рӯзи 6-уми июли соли 2024 аз тарафи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода 8-нафар шаҳрванд қабул карда шуд.
Имрӯз, 27.06.2024 дар Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр ба ифтихори 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.















