Санаи 07.06.2024 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми майи соли 2024 баён доштанд роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ ба муносибати таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз ҷараёни бунёд ва таъмиру азнавсозии як қатор иншооти ҷашнӣ ба истиқболи таҷлили 35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Нахуст аз ҷараёни бунёди осоишгоҳ аз ҷониби соҳибкор Турсуной Зокирова, маркази хизматрасонӣ, обутобгоҳ дар соҳили "Баҳри тоҷик", ҷараёни таҷдиди НБО "Қайроққум", фаъолияти коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории ҶДММ "Маҳина", коргоҳи дӯзандагии "Ясмина", сохтмони бинои истиқоматии ҳафтошёна, сохтмони коргоҳи истеҳсолӣ дар ҶДММ "Тиглат", ҶДММ "Маҳмуд и Ко", сохтмони маркази саломатии шаҳраки Сирдарё, майдончаи варзишӣ, маркази хизматрасонӣ ва таъмиру таҷдиди хонаи маданияти шаҳраки Консой, таъмиру таҷдиди беморхонаи шаҳрак ва дигар иншоот дар шаҳрак шинос шуданд.






Санаи 06.06.2024 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳр тибқи нақшаи кории Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солаги қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" бо сокинони шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Санаи 03.06.2024 дар доираи аксияи ҷумҳуриявии “Сарбози ватанро истиқбол мегирем!" дар маркази шаҳри Гулистон ҷавонмарди асил Шерматов Шарифҷон ки қарзи шаҳрвандӣ, хизмат дар сафи Артиши миллиро ба анҷом расонида сарбаландона ба назди волидон баргаштанд, бо суруду шодмонӣ истиқбол гирифта шуд.

















