Матни равон

Имрӯз, 23.07.2024 муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1,14 ва гимназияи №1-и маркази шаҳр ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳраки Сирдарё ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониши 2024-2025, пурра аз таъмир баровардани муассиса, таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ  ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дидан намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ таъмири синфхонаҳо пурра ба анҷом расида, дар гирду атрофи муассисаҳо низ корҳои ободонӣ ба ба роҳ монда шуд. Муассисаҳои таълимӣ барои қабули хонандагон ба соли нави хониши 2024-2025 омода мебошанд. Сару либоси хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби ҶДММ “Маҳина” омода гардида, волидайн ҳамарӯза аз коргоҳи дӯзандагии мазкур, ки дар ҳудуди шаҳр ҷойгир аст сарулибоси хонандагонро дастрас намуда истодаанд. Дар муассисҳо барои зимистонгузаронӣ ангишт, ҳезум ва сӯзишвориро ба қадри зарурӣ захира карда шудааст.

Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи "Соли маърифати ҳуқуқӣ"  эълон намудани соли 2024 аз 18 марти соли 2024, таҳти рақами АП-533 барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тибқи нақшаи кории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  гурӯҳи корӣ  бо роҳбарии сармутахссиси бахши кадри маркази ёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулазиз Шарифзода ва намояндаи маркази ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Шаҳриёр ба шаҳри Гулистон сафарбар шуда, санаи 23 июли соли ҷорӣ дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон ва иштироки роҳбарони шуъбаву бахшҳои дахлдор, раисони мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳуқуқшиноси давлатии шаҳри Гулистон вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар ин вохӯрӣ  дар мавзӯи "Шомилшавии ҷавонони имрўза ба гурўҳҳои террористӣ ва экстремистию ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирии он"  баромад намуд,  Сармутахссиси бахши кадри маркази ёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулазиз Шарифзода, дар мавзӯи "Пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҳолатҳои коррупсионӣ дар корхона ва муассисаҳо"  баромад намуд,  намояндаи маркази ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Шаҳриёр, ки мавзӯҳои ироагашта,  мавзӯи мубрамро дар бар мегирад,  доир ба ин мавзӯъ музокира ва андешарониҳои муфид шуд.

Рӯзи 20-уми июли соли 2024 аз тарафи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода  4-нафар шаҳрванд қабул карда шуд.

Муҳтавои муроҷиат масъалаҳои гуногунро дарбар гирифта, барои гирифтани қитъаи замин,  расонидани кумаки моддӣ ва таъмири бинои истиқоматӣ, таъмин намудан бо хонаи хизматӣ,  таъмири биноҳои истиқоматии бисёрошёна, мебошад.  Масъалаи баррасии талабу дархости муроҷиаткунандагон  ба шуъбаву бахшҳои дахлдор равона карда шуд.  Раиси шаҳр масъулинро вазифадор  намуд, ки иҷроиши масоили мазкурро дар муддати кӯтоҳ иҷро карда шуда,  аз натиҷааш ба унвони Раиси шаҳр ва муроҷиаткунандагон тариқи хаттӣ хабар дода шавад.

Сипас Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба самъи  раисони мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, роҳбарону муассисони корхонаҳо ва муассисаҳо навобаста аз шакли моликият расонид, ки ҳар ҳафта рузи шанбе  барои тозагии ҳудуи шаҳр, ҳудуди хонаҳои истиқоматӣ, ҳудуди корхонаву ташкилотҳо, боғҳо, роҳравҳову гулгаштҳо, самти тозагиву озодагии маҳалли зист гузаронидани чорабини "Тозагии маҳал" чораандешӣ намоянд.  Иҷроиш ва баргузории онро зери назори қатъи гирифта,  таъмин намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр:

1. Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсози – 1 ҷой маоши мансабӣ 2100,45 сомонӣ; (хусусияти дуҷониба)

2. Мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи модлу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – 1 ҷой маоши мансабӣ 2100,45 сомонӣ; (хусусияти дуҷониба)

3. Мудири бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1- ҷой маоши мансабӣ - 2100,45 сомонӣ; (хусусияти дуҷониба)

4. Сармутахассис-котиби васоияти парастории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;

5. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 2 ҷой маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;

6. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;

7. Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;

8. Мутахассиси бахши бойгонӣ -1- ҷой маоши мансабӣ - 1276 сомонӣ;

Имрӯз, 18.07.2024 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 4-уми июли соли 2024, таҳти №367-6/13тф ва нақшаи тасдиқ гардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ таҳти унвони “Танзими расму оинҳо-кафолати зиндагии шоиста” бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр, намояндагони комиссияи дохилиидоравӣ доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Боқиев Рустамҷон, Абдураҳмонов Аҳлиддин мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахасиси татбиқи забон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд. Боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тӯли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:5403
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4044
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12195
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22027
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5403
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106078
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9671163

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?