Имрӯз, 26.06.2024 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва филиали ИҶТ дар шаҳри Гулистон, дар толори қисми ҳарбии 45025 КҲФМГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Конфренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон–меъмори давлати миллии тоҷикон” бо иштироки афсарону сарбозон баргузор карда шуд.
Дар кори Конфренсия Шарифҷони Саидраҳмон муовини Раиси шаҳри Гулистон, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон, Подполковник Назаров Тошкенбой-муовини Сардори Раёсати Қушунҳои Кумитаи ҳолатхои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абуалӣ Абдуворисзода муовин оид ба корҳои тарбиявию сиёсии қисми ҳарбии мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ – барои тоҷикону тоҷикистониён рӯзи муқаддас ва санаи таърихиву сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил ба шумор рафта, асоси рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон таҷассум мекунад.






Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, №АП-479 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 26.02.2024, №48 “дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” санаи 22.06.2024 дар толори Кохи “Суғдиён” ва Арт-галереяи шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менмоянд баргузор гардид.
Таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ситоди зимистонгузаронӣ баргузор карда шуд.
Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, санаи 24.06.2024, ба ифтихорӣ таҷлили 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон мизи мудаввар таҳти унвонӣ "Ваҳдат - сарчашмаи сулҳу суботи кишвар" бо собиқадорон, кормандон ва фаъолони ҷамоат, ташкил ва баргузор карда шуд.















